ДУШАНБЕ, 12 апр – Sputnik. Бино бар иттилои маркази робитаҳои ҷамъиятии Раёсати КДАМ Тоҷикистон, ахиран дар натиҷаи як амалиёти вижа аз ҷониби кормандони Раёсати КДАМ Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон айбдоршаванда – сокини шаҳри Хоруғ Хуршедшо Султоншоев, ки қаблан соли 2010 бо моддаи 200-и Кодекси ҷиноятӣ барои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ба муҳлати 9 сол аз озодӣ маҳрум гардида буд, дастгир шуд.
“12-уми апрели соли ҷорӣ дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати КДАМ дар ВМКБ айбдоршаванда Султоншоев Хуршедшо, сокини шаҳри Хоруғ, маҳаллаи Хоруғи Боло, кӯчаи М. Иҷубов, дастгир карда шуд”, — иттилоъ додааст КДАМ.
Ҳамзамон манбаъ илова кардааст, ки зимни амалиёт барои боздошти айбдоршаванда Хуршедшо Султоншоев 1 адад норинҷаки ҷангии РГД-5 ва миқдори муайяни воситаи нашъадор, инчунин ҳабҳои “экстазӣ” дарёфт ва мусодира карда шуданд.
Манбаъ қайд кардааст, ки нисбати айбдоршаванда 9 ноябри соли 2020 аз ҷониби прокуратураи ВМКБ бо дастрасии моддаҳои 237, қисми 3 (авбошӣ дар ҳайати гурӯҳӣ), 328, қисми 1 (истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият) ва 330, қисми 1 (таҳқири намояндаи ҳокимият)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда расман дар кофтуков қарор дошт.
Инчунин, ба иттилои манбаъ, Султоншоев 4 ноябри соли 2020 бо ҳамроҳии се нафар аз айбдоршавандагони расман дар ҷустуҷӯ қарордошта — Шабонов Ҷамшед Шокирҷонович, Зикилобеков Сино Файзалибекович ва Ақназаров Ақназар Алиназарович тавассути автомашинаи сабукрави тамғаи “Тайота” ба дидбонгоҳи доимоамалкунандаи БДА дар деҳаи Бидурди ноҳияи Шуғнон ҳозир шуда, кормандони милитсияро, ки вазифаҳои хизматии худро иҷро мекарданд, дашному ҳақоратҳои қабеҳ дода, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.
Дар баробари ин нисбати боздоштшуда Хуршедшо Султоншоев 6 апрели соли 2020 аз ҷониби ВКД ҶТ бо дастрасии моддаи 200, қисми 3-и Кодекси ҷиноятии ҶТ барои даст доштан ба харидуфурӯши воситаҳои нашъадор парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, охирин аз 24 феврали соли 2021 дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт.
Манбаъ илова кардааст, ки аз ҷониби прокуратураи ВМКБ ба Хуршедшо Султоншоев якчанд бор барои ҳозир шудан ба пурсиш расман даъватнома фиристода шудааст. Вале номбурда аз даъват ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барқасдона саркашӣ намудааст.
Гуфта шудааст, ки нисбати боздоштшуда дар прокуратураи ВМКБ тафтишот идома дорад.