ДУШАНБЕ, 13 апр – Sputnik. Фаронса аллакай барои кумаки низомӣ ва таҷҳизоти низомӣ ба Украина 100 миллион евро харҷ кардааст, гуфт Габриэл Аттал, сухангӯи кобинаи вазирон.
"Маблағи таҷҳизоти низомии Фаронса ба Украина аз оғози даргирии низомӣ 100 миллион евроро ташкил дод. Ва ман мехоҳам ёдовар шавам, ки ҳанӯз дар соли 2014 Фаронса аввалин таъминкунандаи аслиҳа ба Украина буд", - менависад РИА "Новости" аз қавли Аттал, ки зимни брифинги ҳукумат дар рӯзи чоршанбе ин оморро эълон кардааст.
Вай афзуд, ки Порис ба Киев кумаки низомиро идома медиҳад.
Қаблан расонаҳои фаронсавӣ гузориш дода буданд, ки Фаронса аз оғози амалиёти вижа барои кумак ба артиши Украина дар муқобила бо Русия аллакай ҳудуди 120 миллион евро харҷ кардааст.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои украинӣ зарба мезананд ва то рӯзи 25 март онҳо вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро иҷро кардаанд - тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш додаанд.
Ҳадафи асосӣ дар Департаменти низомии Русия озодкунии Донбасс гуфта шуд.