Эрон таҳвили сафорати Афғонистон ба толибонро такзиб кард

Сафорати Афғонистон дар Теҳрон ба толибон вогузор нашудааст ва Сулаймонӣ пас аз сафари Абдулғафур Ливол ба Фаронса масъулияти сафоратро бар уҳда гирифтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 апр – Sputnik. Хабаргузории Sputnik Афғонистон дар истинод ба як манбаи огоҳ навиштааст, ки Абдулғафур Ливол, сафири феълии Афғонистон аз симмати худ каноргирӣ карда ва ба Фаронса рафтааст.
Дар пайи истеъфои Ливол муовини ӯ Абдулқайюм Сулаймонӣ сарпарастии ин сафорат дар Теҳронро ба уҳда дорад.
Амирхон Муттақӣ, сарпарасти Вазорати хориҷаи толибон дар як номае Абдулқайюм Сулаймониро сарпарасти сафорати Афғонистон дар Теҳрон мансуб кардааст.
Ёдовар мешавем, ки ахиран Вазорати умури хориҷии Эрон бо эҳзори кордори сафорати Афғонистон дар Теҳрон нисбат ба ҳамалоти анҷомшуда ба сафорати Эрон дар Кобул ва сарконсулгарии ин кишвар дар шаҳри Ҳирот ба шиддат эътироз кард.
Даъвати кордори сафорати Афғонистон ба Вазорати умури хориҷаи Эрон
Ҳамзамон Вазорати умури хориҷии Эрон эълон кард, ки сафорати Эрон дар Афғонистон фаъолиятҳои худро мутаваққиф кардааст.
“То итминони лозим аз тарафи Вазорати умури хориҷии Афғонистон дар заминаи барқарории амнияти комили намояндагиҳои Эрон дода нашавад, сафорат ба кори худ оғоз нахоҳад кард”, - таъкид доштааст Сайид Расули Мусавӣ мудири кулли Осиёи Ҷанубии Вазорати умури хориҷии Эрон.