ДУШАНБЕ, 13 апр – Sputnik. Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Маскав (МГИМО) барои Тоҷикистон 5 бурсияи таҳсилӣ дар зинаи бакалавр ва 2 бурсияи таҳсилӣ дар зинаи магистратура ҷудо намудааст.
Барои дохил шудан ба ин донишкада донистани забонҳои русӣ ва англисӣ ҳатмӣ гуфта мешавад.
Дар ин бора аз Муассисаи давлатии "Маркази барномаҳои байналмилалӣ"-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳамин тавр барои зинаи бакалавр дар бахшҳои зер таҳсил кардан имконпазир аст:
муносибатҳои байналмилалӣ;
омӯзиши минтақаии хориҷӣ;
иқтисодиёт;
ҳуқуқшиносӣ;
журналистика;
реклама ва муносибатҳои ҷамъиятӣ.
Барои зинаи магистр:
муносибатҳои байналмилалӣ;
омӯзиши минтақаии хориҷӣ;
иқтисодиёт;
ҳуқуқшиносӣ;
журналистика;
реклама ва муносибатҳои ҷамъиятӣ;
илмҳои сиёсӣ;
идораи давлатӣ ва мунисипалӣ;
кори тиҷоратӣ.
Давраи аввали бақайдгирии довталабон барои зинаи бакалавр дар бахшҳои минтақаии Маркази миллии тестӣ баргузор мешавад, менависад АМИТ "Ховар".
Донишомӯзон аз 11 то 21 апрел метавонанд ҳуҷҷатҳояшонро супоранд. Озмун 26 апрел дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад. Гуфта мешавад, ки дар бораи макони баргузории тест ба ҳар довталаби номнависшуда тавассути телефон хабар дода мешавад.
Даври дуюм дар Маркази барномаҳои байналмилалӣ аз ҷониби Комиссияи қабули донишҷӯён, магистрҳо, докторантҳо ва унвонҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии хориҷи кишвар баргузор мешавад.
Дар даври дуюм довталабоне ширкат хоҳанд кард, ки дар даври аввал аз ҳама холи баланд ба даст овардаанд. Замон ва макони озмун аз тариқи телефон хабар дода хоҳад шуд.
Довталабоне, ки хоҳиши иштирок дар озмунро доранд, метавонанд то санаи муқарраргардида ба бахшҳои минтақаии муайянгардидаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
Марказҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Кӯлоб, Панҷакент ва Бохтар ҳамчунин дар ноҳияҳои Рашт ва Данғара ҷойгиранд.