ДУШАНБЕ, 13 апр – Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон эълон кардаанд, ки айни замон вазъ дар марз муътадил буда, сокинон ба зиндагии осоиштаи худ идома медиҳанд, иттилоъ додааст манбаъ ба Sputnik Тоҷикистон.
“Вазъ зери назорати мақомоти қудратии ду тараф қарор дошта, қувваю воситаҳои иловагӣ ба ҷойи доимӣ баргардонида шуд”, - гуфт манбаъ.
Ёдрас менамоем, ки шаби гузашта дар марзи Тоҷикистону Қирғизистони муноқишаи навбатӣ бо истифода аз силоҳҳои аташфишон сурат гирифт.
Тирпаронӣ соати 18:20 дақиқаи бегоҳ дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии “Зафар”-и ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дар рӯ ба рӯи деҳаи Жан Жери ҷамоати Қулундуи ноҳияи Лайлак қарор дорад, сар зад.
“Сабаби задухӯрди мусаллаҳона он шудааст, ки сардори қисми сарҳадбонии Қулундуи Қирғизистон бо мошини хидматиаш ба назди сарҳадбонони тоҷик омада, як баҳси лафзиро шуруъ намудааст. Вале то наздик шудани сарҳадбонони тоҷик ба назди ӯ ва шуруи гуфтушунид сарҳадбонони қирғиз аз силоҳ оташ кушодаанд. Дар ин миён сарҳадбонони тоҷик оташи ҷавобӣ кушодаанд, ки дар натиҷа як сарбози қирғиз захмӣ гардидааст”, – гуфт манбаъ аз ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.
Баъди ин сарҳадбонони қирғиз сарбози захмиро бо мошин бор карда, ба қафо баргашта, аз намудҳои гуногуни силоҳ ба ҷониби сарҳадбонони тоҷик оташ кушодаанд.
Бархе аз манобеъ хабар медиҳанд, ки дар пайи ин муноқиша чанд низомӣ ва мардуми осоишта кушта ва захмӣ шудаанд.