Дар Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи кайҳоннавардон имтиҳони "Поехали" баргузор шуд

Мухлисони мавзуи ситораҳо тавонистанд дониши худро бо ёрии тести тематикӣ дар бораи таърихи аввалин парвоз ба коинот бисанҷанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Бахшида ба Рӯзи кайҳоннавардон дар Тоҷикистон диктанти ситораи “Поехали” - (Рафтем) баргузор шуд, ки дар он ҳудуди 130 нафар ширкат кард.
Дар ин бора роҳбари намояндагии "Россотрудничество" дар ҷумҳурӣ Иван Иванов хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, ин як навъ имтиҳонест, ки ҳар хоҳишманд метавонад аз он гузарад.

"Ин имтиҳон масъалаҳои на он қадар душворро дар бар гирифт, дар он дастовардҳои мамлакати мо дар гузашта, ҳозира ва нақшаҳои оянда санҷида шуданд"— гуфт вай.

Вазифаҳо инчунин бо номи одамоне, ки барномаи кайҳонии шӯравиро роҳандозӣ кардаанд ва ҳамчунин бо дигар сайёраҳои системаи Офтоб алоқаманд буданд, пайвандӣ доштанд.
Дар ин имтиҳон сокинони Душанбе ва Хуҷанд имкони ширкат кардан доштанд. Ба имтиҳон дар пойтахт қариб 80 нафар ва ба маркази маъмурии вилояти Суғд 40-50 нафар омаданд.
Путин ваъда дод, ки ба сӯйи Моҳ киштии кайҳонӣ партоб хоҳад кард
Илова бар ин Иванов аз нақши Тоҷикистон дар нахустин парвози инсон ба кайҳон ёдовар шуд: олимони тоҷик ба таҳия ва татбиқи низоми тозакунии ҳаво дар киштии "Восток" машғул буданд.
Ёдовар мешавем, дар Русия ва Тоҷикистон 12 апрел ба таври анъанавӣ Рӯзи кайҳоннавардон таҷлил мешавад, ки дар ин рӯз мардум қаҳрамонии Юрий Гагаринро гиромӣ медоранд.
Дар ин рӯзи соли 1961 ӯ аввалин шуда, аз тариқи киштии "Восток-1" дар коинот дар мадори наздики Замин парвоз карда, ба саломат ба Замин баргашт.
Ин парвоз натиҷаи меҳнати миллионҳо нафар одамон аз саросари ИҶШС ва рамзи комёбиҳои илму техникаи иттиҳод гардид.