ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Муваффақиятҳоеро, ки ИҶШС дар бобати ба коинот фиристодани аввалин кайҳоннавард ба даст овардааст, бо ғалабаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ муқоиса кардан мумкин аст.
Дар ин бора Владимир Путин, президенти Русия зимни нишасти хабарӣ дар космодроми "Восточний" изҳор дошт.
Роҳбари Русия суханони худро бо он шарҳ дод, ки дар вақти ба коинот парвоз кардани лётчики озмоишгар Юрий Гагарин ҳамаи сокинони Иттифоқи Шӯравӣ хурсандии самимиро ҳис карданд.
Вай ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, ки дар оянда Русияро чунин дастовардҳо интизоранд.
Қаблан раисҷумҳури Русия Владимир Путин гуфта буд, ки ин кишвар қасд дорад, барномаи моҳвораро бо партоби киштии автоматии кайҳонии "Луна-25" аз сар бигирад.
Ба гуфтаи ӯ, "Роскосмос" ният дорад, корҳоро дар заминаи эҷоди киштии насли нави нақлиётӣ ва технологияҳои энержии кайҳонии ҳастаӣ идома диҳад.
Ӯ афзуд, сарфи назар аз ҳама гуна мушкилот ва кӯшишҳои дахолат ба умури Русия соҳаи кайҳонӣ ҳама нақшаҳоро пайгирона ва суботкорона амалӣ хоҳад кард.