ДУШАНБЕ, 12 апр - Sputnik. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон видеои дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршударо, ки намоиш медод, ду нафар талош доранд, як ҷавони кифбадастро аз фурудгоҳ бо худ баранд, шарҳ дод.
Корбарон ҳадс мезаданд, ки ин ҳолати навбатии "облава" аст, аммо ин ниҳод ба таври расмӣ ин ҳолатро рад кард
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи гузаронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони пулис шахсияти ҳар се ҷавони дар навор инъикосёфта муайян карда шуда, ҳамзамон як нафар ҷинояткори дар ҷустуҷӯӣ расмӣ қарор дошта, дастгир карда шуд.
Санҷиш нишон дод, ки шахсе, ки гӯё мавриди "облава" қарор гирифтааст, Исмон Назаралиев, сокини 29-солаи ноҳияи Восеъ мебошад, ки солҳои 2017-2018 дар қисми низомии 13483, воқеъ дар ноҳияи Восеъ хидмат кардааст.
Ҳамчунин муайян карда шуд, ки Исмон Назаралиев аз моҳи феврали соли 2022 дар ҷустуҷӯ қарор дорад. Моҳи январ алайҳи ӯ бар асоси моддаи 241 (таҳия ва паҳн кардани мавод ё ашёи порнографӣ)-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.
"Дар ҳоли ҳозир шаҳрванд Исмон Назаралиев боздошт шуда, нисбати ӯ тафтишот идома дорад", - гуфтааст Раёсати корҳои дохилии пойтахт.
Гуфта мешавад, афроде, ки қасди бо худ бурдани Назаралиевро доштанд, сокини шаҳри Бохтар Бежан Саидови 28-сола ва сокини шаҳри Душанбе Фаридун Ҳалимзодаи 24-сола буда, нияти қасосгирӣ аз ӯро мекарданд.
ВУД мегӯяд, алайҳи Саидов ва Ҳалимзода парвандаи маъмурӣ боз кардааст.
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз кулли шаҳрвандон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дархост кардааст, ки бо мушоҳидаи чунин видеоҳо ба ҳар гуна хабару овозаҳои носаҳеҳ эътимод накунанд ва ҷиҳати чораҷӯӣ ба мақомоти милитсия муроҷиат намоянд.