ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Тими мунтахаби футзали Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022 роҳхат гирифт.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин мусобиқа дар шаҳри Бишкек бо иштироки ҳашт даста аз 10 то 12 апрел идома кард.
Гуфта мешавад, дастаҳо дар ду гурӯҳ бозӣ карда, аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба марҳилаи финалӣ баромаданд.
Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” ҳамроҳ бо тимҳои футзали Ӯзбекистон, Афғонистон ва Непал бозӣ кард. Тими мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии аввал бо ҳарифони афғонистониро мусовӣ (1:1) анҷом дод. Бар тими Непал бо ҳисоби бузург (11:1) пирӯз шуд, вале аз мунтахаби Ӯзбекистон бо ҳисоби (2:5) шикаст хӯрд.
Ҳамин тариқ варзишгарони тоҷик бо чор хол дар гурӯҳ ҷойи дуюмро ишғол намуданд.
"Ӯзбекистон бо 9 хол дар ҷои аввал, Афғонистон бо 4 хол дар ҷои сеюм ва Непал бе хол дар ҷои чорум мавқеъ гирифтанд", - омадааст дар хабари ФФТ.
Марҳилаи ниҳоии 17-умин Ҷоми футзали Осиё бо иштироки 16 даста аз қора аз 25 сентябр то 20 октябри соли равон дар Кувейт баргузор мешавад.
Ба қисмати финалӣ то ҳол 11 даста роҳхат гирифтаанд, ки инҳо тимҳои Кувейт (мизбон), Лубнон, Ироқ, Баҳрайн, Арабистони Саудӣ, Индонезия, Тайланд, Уммон, Ветнам, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон мебошанд.