"Истиқлол" бозии дуюмашро низ дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО бохт

Дастаи "Истиқлол"-и пойтахт бозии дуюмашро низ дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022 бо шикаст анҷом дод ва ҳаводони футбол ба пирӯзии даста дар рақобати баъдӣ шубҳа доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Қаҳрамони Тоҷикистон тими “Истиқлол”-и Душанбе бозии дуюмашро низ дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2022 зидди "Шарҷа"-и Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бохт.
Бозии дастаҳо шоми 11 апрел дар шаҳри Риёз, варзишгоҳи шоҳ Фаҳд барпо гардида, бо ҳисоби 1:2 поён ёфт.
Ягона голи ҷониби “Истиқлол”-ро капитани даста Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 29-уми бозӣ вориди дарвозаи ҳарифон кард.
Ду голи тими "Шарҷа"-ро Кайо Лукас Фернандес дар дақиқаи 54 ва Бернард Анисио дар дақиқаи 57 ба ҳадаф расониданд.
Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2022 Непалро голборон кард
Маврид ба зикр аст, ки бозиро дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022 "Истиқлол" рӯзи 15 апрел бо пешсафи гурӯҳи "А"- дастаи "Ал-ҳилол"-и Арабистони Саудӣ доир мекунад.
Ин даста аз қавитаринҳо гуруҳ буда, дар оғози Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022 пайи ҳам ду пирӯзӣ ба даст овардааст ва табиист, ки барои "Истиқлол" бозӣ бо чунин ҳариф мушкил хоҳад шуд.
Дастаи футболи "Истиқлол" дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022 дар гурӯҳи "А" буда, дар он ҷо бо дастаҳои футболи "Аш-шарҷа", "Ал-ҳилол" ва "Ар-райян" рақобат мекунад. Ҳамаи бозиҳо дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд.
Ҳайати "Истиқлол" дар нахустин рақобат чунин буд: Рустам Ятимов, Темур Партсвания (Искандар Ҷалилов, 72), Аҳтам Назаров, Никита Чичерин, Муҳаммадҷон Раҳимов, Шервон Мабатшоев, Нуриддин Давронов, Шаҳром Сулаймонов, Муҳаммад Исаев, Эрик Бокум, Манучеҳр Ҷалилов (Рустам Соиров, 90).