Гирифтани раводиди Хорватия барои тоҷикистониён осон шуд

Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон мегӯяд, гирифтани раводиди Хорватия барои тоҷикистониён ҳамакнун осон гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Сар аз охирҳои моҳи марти соли ҷорӣ гирифтани раводиди Хорватия барои шаҳрвандони Тоҷикистон осон шуд.
Ҳоло хоҳишмандони сафар ба Хорватия имкон доранд, ки ба Маркази дархости раводиди VFS "Global" дар Душанбе муроҷиат кунанд. Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон хабар дод.
Бино ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Нурсултон, ин дархост аз сафорати Хорватия дар Қазоқистон ворид шудааст.
Қобили зикр аст, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Хорватия 1 апрели соли 1999 барқарор шудаанд.
Имкони таъсиси маркази "Хидматрасонии шиносномадиҳӣ ва раводид”-и ВКД Русия дар Тоҷикистон
Қаблан Эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз сафири навтаъйини Хорватия эътимоднома қабул карда буд.
Манбаъ меафзояд, пас аз супоридани эътимоднома Эмомалӣ Раҳмон перомуни муносибатҳои дуҷониба, масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақаӣ табодули андеша карданд.
Зимнан, сафири навтаъйини Хорватия дар Тоҷикистон Рефик Шабанович бардошти худро пас аз мулоқот бо президенти мамлакат чунин баён намудааст, ки "Эмомалӣ Раҳмон аз имконияту зарфияти васеи ҳамкории Тоҷикистон ва Хорватия дар соҳаҳои иқтисоду сиёсат, сармоягузорӣ ва фарҳанг ҳарф заданд".
Ӯ гуфт, президент аз сафари худ ба Хорватия бо хушнудӣ ёдовар шуд. Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 бо сафари корӣ аз Ҷумҳурии Хорватия дидан намуда буд.