ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 аз яккачини Ӯзбекистон шикаст хӯрд.
Бозии мунтахабҳо субҳи 12 апрел дар пойтахти Қирғизистон барпо гашта, бо ҳисоби 2:5 хотима ёфт.
Ду голи ҷониби Тоҷикистонро дар ин дидор Дилшод Саломов ва Файзалӣ Сардоров вориди дарвозаи ҳарифон карданд
Голҳои ҷониби Ӯзбекстонро бошад, Ҳусниддин Нишонов, Даврон Чориев (2), Дилшод Раҳматов, Акбар Усмонов заданд
Ҳамин тариқ, дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дастаи футзали Тоҷикистон чаҳор имтиёз ба даст овард. Тими миллии Афғонистон 1 хол ва як бозии дигар дар пеш дорад.
Фарқияти тӯбҳо аз Тоҷикистон "+7", аз Афғонистон "-4" аст. Баромадани тими Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё-2022 аз натиҷаи бозии дигари гурӯҳи "В" миёни дастаҳои Афғонистон ва Непал, ки соати 13:00 оғоз мешавад, вобаста аст.
Ёдовар мешавем, яккачини Тоҷикистон дар ду бозии гузаштааш рақобатҳоро бо Афғонистон мусовӣ (4:4) ва бар Непал (11:1) пирӯз шуда буд.
Мавриди зикр аст, ки марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар минтақаҳои марказӣ ва ҷанубӣ дар Қирғизистон мегузарад ва Тоҷикистон дар гурӯҳи "В" бо тимҳои мунтахаби Афғонистон, Непал ва Ӯзбекистон аст. Дар гурӯҳи "А" мунтахабҳои Эрон, Қирғизистон, Туркманистон ва Молдив вориди рақобат мешаванд
Қобили зикр аст, ду дастаи пирӯз аз ин гурӯҳ ба финали Ҷоми Осиё-2022 роҳ меёбанд.
Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 аз ин нафарон иборат аст:
Дарвозабонҳо: Фирӯз Бозмамадов ("Истиқлол"), Муродулло Алиқулов ("Амонатбонк");
Бозигарони майдон: Парвиз Раҳматов ("Кинггершайм", Фаронса), Рустам Ҳамидов ("Оқжетпес", Қазоқистон), Файзалӣ Сардоров, Муҳаммаҷон Шарифов, Некрӯз Алимаҳмадов, Бахтиёр Солиев, Идрис Ёров (ҳама – "Соро компания"), Иқбол Воситзода, Умед Қӯзиев, Шавкат Саломов, Дилшод Ҳалимов (ҳама - Сипар), Самандар Ризомов ("Истиқлол").