Дар дуртарин навоҳии ВМКБ майдони нишону парчам сохта мешавад

Дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ сохтмони панҷ зерсохти муҳим ҷараён дорад, ки яке аз онҳо майдони нишон ва парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Ноҳияи Мурғоб яке аз дурдасттарин ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.
Барои шинос шудан ба шароит ва сатҳи зиндагии сокинони ин ноҳия як гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода ба ин ноҳия рафтааст.
Шерализода ва гурӯҳи корӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва зерсохтҳои ҷашнӣ, ки ба хотири таҷлил аз 35-умин солгарди истиқлолии давлатии Тоҷикистон дар назар ҳастанд, аз наздик шинос шуд.
Гуфта мешавад, дар ноҳияи Мурғоб ба хотири таҷлил аз ид майдони парчам ва нишон сохта мешавад.
Дар ВМКБ ба оилаҳое, ки тарма манзилашонро тахриб кард, ваъдаи хона доданд
Ҳамзамон сохтмони муассисаҳои таълимӣ, беморхона, нерӯгоҳ, парваришгоҳи ҳайвоноти нодир ҷараён дорад. Роҳбари кумита пас аз шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ба масъулин супориш дод, ки зерсохтҳои ҷашнӣ бояд сари вақт ва босифат ба истифода дода шаванд.
Ҳамзамон гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо сокинони ҷамоатҳои дурдасти ноҳия, аз ҷумла ҷамоати Қизилработ, Шаймок, Қаракӯл ва Рангкӯл вохӯрию суҳбат намуд.
Манбаъ меафзояд, ҳангоми бозгашт Шерализода дар ҷамоати Аличор аз ҷараёни корҳои сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ ва парваришгоҳи ҳайвоноти нодири хоҷагии шикории "Барс" боздид намуд.