ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. Нерӯҳои Украина танкҳои комилан навро бо лавозимоти пурраи ҷангӣ ба артиши Русия супурданд.
Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба Вазорати дифои Русия хабар медиҳад.
Вазорат ҳамчунин хабар додааст, ки ин ҳодиса ҳангоми озод кардани шаҳраки Тополское дар ноҳияи Изюмский аз ҷониби нерӯҳои Русия рух додааст. Маълум аст, ки танкчиёни украинӣ тӯпҳои худро боло бардоштанд ва тирпарронӣ сурат нагирифт.
"Онҳо танкҳои нав доштанд, масофаи минималиро тай кардаанд, аз афташ, аз анбор нав бароварда шуда буданд. Бо лавозимоти пурра. Ҳама шод буданд, ки тирандозӣ нашуд Онҳо моро, танкҳо ва лавозимоти моро дида таслим мешаванд. Ва дигар намехоҳанд бо мо биҷанганд", - гуфт фармондеҳи нерӯҳои Русия Тимур.
Ба гуфтаи ӯ, вазифаи асосӣ забт кардани маҳаллаҳои аҳолинишин ва фароҳам овардани долон барои убури нерӯҳои Русия ба Ҷануб аст.
Ҳамчунин Вазорати дифои Русия хабар дод, ки дар ҷараёни набард экипажҳо пас аз тирандозӣ ба мошинҳои зиреҳпӯши душман аз паноҳгоҳҳои табиӣ истифода кардаанд.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсиди режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд ва то 25 март вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро иҷро карданд - онҳо тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш доданд.
Ҳадафи асосии Русия озодкунии Донбасс гуфта мешавад.