Тоҷикистон санъатисозиро тареъ мекунад

Тибқи нишондодҳои макроиқтисодӣ, дар чанд соли наздик дар кишвар истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қариб 50 фоиз зиёд мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. Тоҷикистон дар се соли оянда тавлидоти саноатро беш аз 46,2% афзоиш медиҳад.
Бо такя ба дурнамои нави нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии ҷумҳурӣ барои солҳои 2022-2024 ҳаҷми истеҳсоли корхонаҳои саноатӣ то 68,7 миллиард сомонӣ (ҳудуди 5,5 миллиард доллар) афзоиш хоҳад ёфт.
Дар соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ҳудуди 45 миллиард сомонӣ (3,6 миллиард доллар), бо афзоиши истеҳсолот 16,2 фоиз пешбинӣ шудааст, менависад агентии хабарии "Авесто".
Дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба маблағи беш аз 56,7 миллиард сомонӣ (4,5 миллиард доллар) пешбинӣ шудааст.
Интиқоди Раҳмон аз рушди ноустувори саноат дар Хатлон
Дар соли 2024 ин мизон бояд ба беш аз 68,7 миллиард сомонӣ (5,5 миллиард доллар) бирасад.
Ҳамин тавр дар давоми се соли оянда маҳсулоти саноатӣ аз 16,2 фоиз то 19,3 фоиз афзоиш хоҳад ёфт.
Аммо дар баробари ин идораҳои дахлдор то ҳол муайян накардаанд, ки онҳо суръати саноатисозиро чӣ тавр роҳандозӣ мекунанд.
Дар бораи он ки барои бунёди иқтидорҳои нав ва модернизатсияи иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуд дақиқ чӣ миқдор маблағ лозим мешавад, иттилооте ироа нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан бо такя ба ҳамин стратегия хабар дода шуда буд, ки ҳиссаи саноат дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ то 26% афзоиш меёбад. Бояд гуфт, ки ҳоло дар сохтори ММД асосан кишоварзӣ нақши умда дорад.