Содиқона хидмат кунед: Раҳмон тағйироти кадрӣ анҷом дод

Дар соҳаҳои маориф, молия, агентиҳои хоҷагии ҷангал, беҳдошти замин ва авиатсияи Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат гирифт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор соҳаҳо таъйиноти кадрӣ анҷом дод.
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон дар ин росто, Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар вазоратҳои маориф, молия, агентиҳои хоҷагии ҷангал, беҳдошти замин ва обёрӣ таъйин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Ҳамин тариқ бо қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон:
Субҳонзода Икром Субҳон аз вазифаи директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон озод гардида, бо фармони президент директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди президент;
Абдулзода Зиёдулло Назар — муовини вазири маориф ва илм;
Усмонзода Аюб Ислом — ректори Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров";
Қурбониён Сарвар Собир — муовини вазири молия;
Абдураҳмонзода Нигина Шуҳрат директори Агентии рушди бозори қоғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардонидашудаи Вазорати молияи Тоҷикистон таъйин шуданд.
Зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти пурсамари Вазорати маориф дар самти баланд бардоштани сифати таълим, тарбияи мутахассисони ҷавон ва бартараф намудани камбудиҳо дастуру супоришҳои мушахас додааст.
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Таъйиноти кадрӣ: ректори нави Донишгоҳи Хуҷанд кист?
Ҳамчунин президент ба кадрҳои навтаъйин таъкид кардааст, ки бо дасту дилу нияти пок ба Ватан хидмат намоянд, дар раванди созандагию бунёдкорӣ бо меҳнати садоқатмандонаву софдилонаи худ саҳми муносиб гузоранд ва вазифаҳои хидматии худро бо ҳисси баланди масъулият, содиқона ва поквиҷдонона иҷро намоянд.