ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, бо қарори навбатии роҳбари давлат Қурбониён Сарвар Собир муовини вазири молияи Тоҷикистон таъйин шудааст.
Ҳамзамон бо қарори дигари раисҷумҳур Абдураҳмонзода Нигина Шуҳрат директори Агентии рушди бозори коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардонидашудаи Вазорати молияи Тоҷикистон таъйин гардидааст.
Бояд гуфт, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба кадрҳои навтаъйиншуда таъкид кардааст, ки бо дасту дилу нияти пок ба Ватан хидмат намоянд.
Вай гуфт, дар раванди созандагию бунёдкорӣ бо меҳнати садоқатмандонаву софдилонаи худ саҳми муносиб гузоранд ва вазифаҳои хидматии худро бо ҳисси баланди масъулият, содиқона ва поквиҷдонона иҷро намоянд.
Ёдрас менамоем, ки дар бархе аз сохторҳои давлатии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Бо фармону қарорҳои раисҷумҳур чандин мансабдори нав ба вазифаҳои гуногун таъйин шуданд.