Қиссаи қаҳрамони танкии Қувваҳои мусаллаҳи Русия, ки ордени шуҷоъ гирифт - видео

Ба шарофати далерӣ ва шуҷоати отряди зиреҳпӯши қӯшунҳои рус дар вилояти Харков яке аз нуқтаҳои аҳолинишин ишғол карда шуд
Sputnik
Вазорати дифои Русия хабар медиҳад, он низомиёни ҳавзаи низомии ғарбӣ, ки дар амалиёти вижаи Русия барои дифоъ аз Донбасс қаҳрамонӣ нишон додаанд, бо ордени “Ҷасорат” мукофотонида шуданд.
Медалҳоро афсарон ва сержантҳои полки танкӣ, ки деҳаи Каменкаи вилояти Харковро бо ҷанг ишғол карда буданд, гирифтанд.
Командири танки Т-72В3-М Александр дар бораи корнамоии ҷангии худ муфассал нақл кард.

"Дар он ҷо аз миномётҳои хеле сахт тирборон карда шуд ва мо рост аз зери тирпарронӣ даромадем, аз гузаргоҳ гузаштем, супориш гирифта шуд, ки нуқтаи аҳолинишин гирифта шавад. Дар натиҷа мо ба майдони мина даромадем, таркидем, вале танк ҳанӯз мубориза мебурд ва мо ба роҳ идома додем", - нақл кард ӯ.

Баъд аз ин ба экипажи вай муяссар шуд, ки дар канори ҷангал як бронетранспортёри душманро ошкор карда, бо тири тупҳо мошини ҷангиро аз байн барад.
Дар натиҷаи забт ва нигоҳ доштани Каменка нерӯҳои низомии Русия тавонистанд дар ҳуҷум муваффақиятҳо ба даст оранд.
Ёдовар мешавем, ки музокироти Русия ва Украина дар пасманзари амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс рӯзи 28 феврал дар Беларус оғоз шуд.
Ҷонибҳо чаҳор мулоқоти рӯ ба рӯ баргузор карданд, мулоқотҳо онлайнӣ низ баргузор мешаванд.
Барои ғалаба бар Русия Олмон бо тақдири иқтисоди худ бозӣ мекунад
Ҳайати Русияро ёвари президент Владимир Мединский раҳбарӣ мекунад. Дар он ҳамчунин муовини вазири корҳои хориҷӣ Андрей Руденко, сафир дар Беларус Борис Гризлов, раиси Кумитаи байналмилалии Думаи давлатӣ Леонид Слутский ва муовини вазири дифоъ Александр Фомин низ ҳузур доштанд.
Ба ҳайати Украина вазири дифоъ Алексей Резников, раиси фраксияи "Хидматгори халқ" дар Верховная Рада Давид Арахамия ва мушовири раиси Дастгоҳи президент Михайло Подоляк дохиланд.
Илова бар ин рӯзи 10 март дар ҳошияи форуми дипломатӣ дар Анталия мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Русия ва Украина Сергей Лаврову Дмитрий Кулеба баргузор шуд.
Дар Истанбули Туркия рӯзи 29 март як мулоқоти навбатии рӯ ба рӯ баргузор шуд, ки дар пайи он аз пешравиҳои назаррас гузориш дода шуд.