ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров ҳадафи дигари амалиёти вижаи Русия дар Украинаро гуфт.
Иқдомоти Маскав барои поён додани густариши бепарвоёнаи ИМА ва масири он дар самти султагароӣ дар ҷаҳон тарроҳӣ шудааст, гуфт вазири корҳои хориҷии Русия дар пахши телевизионии "Россия 24".
Вай таъкид кард, ки Вашингтон "бо нақзи дағалонаи ҳуқуқи байналмилалӣ" султа эҷод месозад ва "аз ҳолат ба ҳолат" қоидаҳои худро таҳия мекунад.
Қаблан котиби матбуотии раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфта буд, ки яке аз ҳадафҳои аслии амалиёти вижаи Маскав дар Украина наҷоти ҷумҳуриҳои Донетску Луганск ва барқарории давлатдории онҳо дар марзҳои соли 2014 аст.
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина ҳарфе нест, таъкид кард президенти Русия.
Дар ҳоли ҳозир нерӯҳои мусаллаҳи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти вижаро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш додаанд.
Пас аз оғози амалиёти вижа Маскав ва Киев чаҳор даври гуфтугӯи рӯ ба рӯ анҷом доданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайнӣ тамос гирифтанд. Ба ҷонибҳо муяссар гардид, ки аз рӯи баъзе масъалаҳо созиш ҳосил кунанд.