ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Нерӯҳои мусаллаҳи Русия маҷмуаҳои мушакии зиддиҳавоии С-300-ро, ки яке аз кишварҳои аврупоӣ ба Украина додааст, бо як зарбаи дақиқ нобуд карданд.
Дар ин бора сухангӯи Вазорати дифои Русия Игор Конашенков иттилоъ дод.
"Мушакҳои дақиқипарвози дарёии "Калибр" дар канори ҷанубии шаҳри Днепропетровск маҷмуаи зиддимушакии С-300-ро, ки ба режими Киев яке аз кишварҳои аврупоӣ дода буд, дар паноҳгоҳе нобуд карданд", - гуфт ӯ.
Генерал-майор афзуд, ҳам ба тирандозҳои системаи дифои ҳавоӣ ва ҳам то ба 25 нафар аз нерӯҳои мусаллаҳи Украина зарба задаанд.
Илова бар ин дар минтақаи аҳолинишини Успеновка радари рӯшноӣ ва роҳнамоии S-300 аз кор мондааст.
Қаблан Эдуард Ҳегер, нахуствазири Словакия гуфта буд, ки Братислава системаи дифои ҳавоии С-300-ро ба Киев супурдааст ва дар иваз Амрико ваъда додааст, ки маҷмуаи "Патриот"-ро бар ихтиёри ӯ хоҳад гузошт.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" анҷом шуда, ҳама ҷинояткорони ҷангӣ, ки барои "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс масъуланд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зербиноҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд.