ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Баҳодур Усмонов, муштзани шинохтаи кишвар дар 40-умин Мусобиқаи байналмилалии бокс дар Финландия ба хотири мағлуб кардани Гуннар Барлунд, ки бо тахаллуси GeeBee маъруф аст, сазовори медали тило шуд.
Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ин мусобиқа 7-10 апрел дар шаҳри Ҳелсинкӣ бо иштироки беш аз 100 варзишгар аз кишварҳои Финландия, Норвегия, Шведсия, Эстония, Англия, Уэлс, Шотландия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Арманистон, Венгрия, Фаронса, Олмон, Булғористон ва Украина баргузор шуд.
Баҳодур Усмонов дар вазни -63,5кг муҳорибаро аз чорякфинал оғоз карда (дар даври аввал озод буд), бар намояндаи Арманистон Ҳамлет Мнатсаканян бо ҳисоби 5:0 ғалаба кард.

Дар нимфинал ҳарифаш аз Венгрия Ричард Ковачро бо ҳисоби 3:2 мағлуб намуд.
Дар даври финалӣ Баҳодур бар варзишгари Шотландия Риси Лунч бо ҳисоби 4:1 пирӯз гардида ва медали тилоро ба даст овард.
Маврид ба зикр аст, ки мусобиқаи “GeeВee Boxing Tournament-2022” аз соли 1982 баргузор мешавад.

Имсол муҳорибаҳо аз рӯи 4 вазн миёни бонувон ва 11 вазн миёни мардҳо сурат гирифтанд.