Тоҷикистону Корея ҳамкориҳо дар бахши муҳоҷиратро густариш медиҳад

Корея барои фаъол гардонидани муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи шуғли аҳолӣ ва ба сатҳи нав расонидани он бо Тоҷикистон худ изҳори омодагӣ кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Ахиран Амонзода Ширин, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар ҳошияи сафари худ ба Кореяи Ҷанубӣ бо Вазири шуғли аҳолӣ ва меҳнати ин кишвар Ан Кёнг Дук дидору гуфтугӯ кард.
Тавре Вазорати меҳнат хабар додааст, зимни мулоқот вазъи феълии муносибатҳои ҳамкории ду кишвар ва масъалаҳои роҳандозии ҳамкориҳои минбаъда барои муташаккилона сафарбар намудани шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии мавсимӣ ба Ҷумҳурии Корея дар соҳаи саноат, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

“Ҷониби Тоҷикистон дар мавриди имкони густариши доираи кор барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Корея ва имзои созишнома байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Корея дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ дархост кард”,- қайд кардааст манбаъ.

Манбаъ иттилоъ додааст, ки дар рафти мулоқот ҳамчунин ба аҳамияти кумаки Вазорати шуғли аҳолӣ ва меҳнати Корея дар масъалаи огоҳии корфармоёни кореягӣ аз захираҳои кории Тоҷикистон махсусан таъкид шуд.
Имзои ёддошти тафоҳум: муҳоҷирони тоҷик дар Кореяи Ҷанубӣ ба корҳои мавсимӣ ҷалб мешаванд
Ан Кёнг Дук, вазири шуғли аҳолӣ ва меҳнати Корея ба рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистон дар солҳои охир баҳои баланд дода, омодагии худро барои фаъол гардонидани муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи шуғли аҳолӣ ва ба сатҳи нав расонидани он таъкид намуд.