Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Қодиров аз низомиёни Украина даъват кард, ки таслим шаванд

Раисҷумҳури Чеченистон ба низомиёни украинӣ пешниҳод намудааст, ки аз фурсати мавҷуд истифода баранд, вагар на дер мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Рамазон Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон аз низомиёни артиши Украина даъват кард, ки таслим шаванд.

"Ман аз сарбозони артиши Украина даъват мекунам, ки аз ақли худ кору бо фармондеҳони мо тамос гиранд ва таслим шаванд. Дар ҳоле, ки фурсат доред, онро аз даст надиҳед", - гуфт Қодиров дар шабакаи телевизионии худ.

Вай қайд кард, ки агар аз ин имкон истифода баранд, шонси баргаштан ба назди оилаҳои худро пайдо мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки музокироти Русия ва Украина дар пасманзари амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс рӯзи 28 феврал дар Беларус оғоз шуд.
Ҷонибҳо чаҳор мулоқоти рӯ ба рӯ баргузор карданд, мулоқотҳо онлайнӣ низ баргузор мешаванд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Антонов амалиёти вижаро натиҷаи саркашии Киев барои боздоштани генотсид номид
Ҳайати Русияро ёвари президент Владимир Мединский раҳбарӣ мекунад. Дар он ҳамчунин муовини вазири корҳои хориҷӣ Андрей Руденко, сафир дар Беларус Борис Гризлов, раиси Кумитаи байналмилалии Думаи давлатӣ Леонид Слутский ва муовини вазири дифоъ Александр Фомин низ ҳузур доштанд.
Ба ҳайати Украина вазири дифоъ Алексей Резников, раиси фраксияи "Хизматгори халқ" дар Верховная Рада Давид Арахамия ва мушовири раиси Дастгоҳи президент Михайло Подоляк дохиланд.
Илова бар ин рӯзи 10 март дар ҳошияи форуми дипломатӣ дар Анталия мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Русия ва Украина Сергей Лавров ва Дмитрий Кулеба баргузор шуд.
Дар Истанбули Туркия рӯзи 29 март як мулоқоти навбатии рӯ ба рӯ баргузор шуд, ки дар пайи он аз пешравиҳои назаррас гузориш дода шуд.