ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Президент Русия дар Рӯзи кайҳоннавардон бо ҳамтои беларусии худ Александр Лукашенко аз космодроми "Восточний" дидан хоҳанд кард.
Дар ин бора "Россия 1" хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, дар Рӯзи кайҳоннавардон президентҳои Русия ва Беларус якҷоя ба космодроми "Восточний" парвоз карда, аз ҷараёни сохтмон шинос мешаванд.
Интизор меравад, раисҷумҳурон ба кайҳоннавардон мукофот, ҳамзамон ба суолҳои рӯзноманигорон посух диҳанд.
Илова бар ин, тавре ки шабакаи телевизионӣ қайд мекунад, Путин тасмим гирифтааст, ки дар бораи рушди Арктика суҳбат кунад.
Ааввалин парвози инсон ба кайҳон 12 апрели соли 1961 сурат гирифта буд.
Нахустин кайҳоннаварде, ки ба мадор баромад Юрий Гагарин буд. Ӯ дар ин рӯз бо кишти кайҳонии "Восток" Заминро давр зад. Қабл аз парвоз Гагарин "рафтем" хитоб намуда буд.