Дар Покистон сарвазири нав интихоб мекунанд

Интизор меравад, субҳи рӯзи душанбе парлумони Покистон нахуствазири нав интихоб кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Рӯзи 11 апрел парлумони Покистон барои интихоби нахуствазири нави ин кишвар раъй хоҳад дод, хабар медиҳад "Dawn" бо истинод ба иҷрокунандаи вазифаи раисҷумҳур дар ин кишвар Аёз Содиқ.
Қаблан парлумони Покистон ба нахуствазир Имрон Хон раъйи нобоварӣ дода буд. Чанде пеш аз овоздиҳӣ раиси Ассамблеяи миллии Покистон Асад Қайсер истеъфо дод ва ӯ ин тасмими худро бо он рабт дод, ки "наметавонад дар тавтеаи хориҷӣ барои барканор кардани Хон ширкат кунад".
Чаро Имрон Хон барканор шуд?
Содиқ гуфт, номзадҳо ба мақоми нахуствазирӣ бояд то соати 14.00-и рӯзи якшанбе (12.00 ба вақти Маскав) ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод кунанд. Вай таъкид кард, иҷлосияи парлумонӣ, ки раиси нави ҳукуматро интихоб мекунад, рӯзи душанбе баргузор мешавад.
Пештар Вазорати хориҷаи Покистон кордори сафорати Амрикоро эҳзор кард, то маротиби норизоятии Исломободро аз мудохилаи Вашенгтон иблоғ кунад.
Амрико иттиҳомоти матраҳшуда аз сӯйи Имрон Хонро беасос хондааст.
Парлумони Покистон қарор аст, дар мавриди салоҳият ё адами салоҳияти Имрон Хон дар ҷойгоҳи нахуствазирӣ эъломи назар кунад, аммо давлати ин кишвар пеш аз ташкили ҷаласа ва райгирӣ дар парлумон Имрон Хонро барканор кард.