Дар Олмон давраи ҳадди ақали вобастагӣ аз гази Русия эълон шуд

Дар Муассисаи иқтисодии Олмон гуфтанд, ки ин кишвар ду соли дигар аз гази Русия вобаста хоҳад буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Олмон дастикам ду соли дигар аз гази Русия вобаста хоҳад буд, менависад рӯзномаи "Handelsblatt" бо истинод ба Майкл Ҳутер, мудири Муассисаи иқтисоди Олмон.
"Мо ҳадди ақал ду соли дигар аз гази Русия вобаста хоҳем буд. Ин як хаёл аст, ки давлат метавонад бо кумаки миллиардҳо кумакпулӣ ва кори кӯтоҳмуддат тамоми соҳаҳои саноатро дастгирӣ кунад", - навиштааст рӯзнома аз суханони иқтисоддон.
Муаллифи матлаб Себастян Матес таъкид кардааст, ки эъмоли эмбарго барои интиқоли сӯзишвории кабуди Русия боиси таваққуфи кори бархе аз ширкатҳо ва бахшҳои иқтисод мешавад.
"Танҳо сеяки гази Русия ба Олмонро метавон дар муддати кӯтоҳ бо гази моеъ аз манотиқи дигари ҷаҳон иваз кард", - менависад нашрия.
Рӯзи 24 феврал Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол таҳти таҳқиру наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Дар Русия аз пайомадҳои саркашӣ кардан аз пардохти пули газ бо рубл гуфтанд
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд.
Пас аз оғози амалиёти вижа Русия ва Украина 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайнӣ тамос гирифтанд.
Дар пайи ин гуфтугӯҳо ба тарафҳо муяссар гардид, ки аз рӯи баъзе масъалаҳо ба созиш бирасанд. Дар ояндаи наздик раванди музокироти Маскаву Киев идома хоҳад ёфт.