Дар Фаронса даври аввали интихоботи президентӣ ҷараён дорад

Даври аввал 10 апрел ва даври дуюм баъди ду ҳафта, яъне 24 апрел баргузор мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Дар Фаронса даври аввали интихоботи президентӣ баргузор мешавад, менависад РИА "Новости".
Президенти Фаронса ба муҳлати панҷ сол интихоб мешавад. Интихобот дар ду давра гузаронида мешавад: агар дар даври аввал ягон нафар аз номзадҳо аксарияти мутлақи овозҳоро ба даст наоварад, даври дуюм гузаронида мешавад, ки ба он ду номзади пешсаф мегузаранд.
Даври якум 10 апрел, даври дуюм баъди ду хафта, яъне 24-ум барпо мегардад.
Номзад ба президентии Фаронса мехоҳад ба Путин монанд бошад
Даври аввали интихоботи президентӣ то соати 20.00 ба вақти Маскав идома хоҳад кард. Дар шаҳрҳои бузург, аз ҷумла Париж, Лион, Марсел, Нитса, Бордо, Тулуза ҳавзаҳои интихоботӣ то соати 21.00 ба вақти Маскав боз хоҳанд буд.
Қариб 49 миллион нафар аз шаҳрвандони Фаронса дар рӯйхати интихобкунандагон қарор доранд. Дар марҳилаи аввал 12 сиёсатмадор барои курсии президентӣ рақобат мекунанд, аз ҷумла Эммануэл Макрон, раиси феълии Фаронса ва раҳбари ҳизби ростгарои “Иттиҳоди миллӣ” Марин Ле Пен.