Додугирифти наздик ба шашмиллиарддолларии Эрон бо кишварҳои АвруОсиё

Гумруки Эрон хабар додаат, ки додугирифти Эрон бо кишварҳои узви АвруОсиё 5 миллиарду 643 миллион долларро ташкил додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Сайдрӯҳуллоҳи Латифӣ, сухангӯи гумруки Эрон ахиран эълон кардааст, ки дар соли гузашта беш аз 13 миллиону 127 ҳазор тонна коло ба арзиши панҷ миллиарду 643 миллион доллар байни Эрон ва аъзои Иттиҳодияи иқтисодӣ-гумрукии Авруосиё табодул шуд, иттилоъ додааст родиои "Садои Хуросон".
Сухангӯи Идораи гумруки Эрон афзуд, Русия бо хариди як миллион 141 ҳазору 935 тонна коло ба арзиши 583 миллиону 658 ҳазору 306 доллар ва рушди ҳаштдарсадӣ дар вазн ва 15-дарсадӣ дар арзиш дар садри мақосиди содиротии Эрон ба Авруосиё қарор дорад.
Ӯзбекистон аз содироти мева ба Эрон хабар дод
Латифӣ ҳамчунин гуфт, ки дар соли гузашта воридоти Эрон аз аъзои иқтисодӣ-гумрукии Авруосиё 10 миллиону 356 ҳазору 890 тонна ба арзиши чаҳор миллиарду 472 миллиону 466 ҳазору 480 доллар буд.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳодия Иқтисодии Авруосиё шомили панҷ кишвари Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Беларус аст ва дар чорчӯби тавофуқномаи имзошуда 502 намуд колои содиротии Эрон ба ин кишварҳо аз таърифаи тарҷеҳӣ бархурдор шудаанд.