Амруллоҳ Солеҳ: Толибон ҷуръати гуфтани ҳарфи дурушт дар муқобили Покистонро надоранд

Муовини аввали раисҷумҳури пешини Афғонистон дар вокуниш ба даргирии миёни толибону марзбонони покистонӣ гуфт, толибони муздурони Покистонанд ва ҷуръут иқдом алайҳи низомиёни ин кишварро надоранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раисҷумҳури фирории пешини Афғонистон, ахиран вобаста ба даргириҳом миёни толибону марзбонони покистонӣ дар устони Нимрӯз, дар марз бо Покистон вокуниш кардааст.
Оқои Солеҳ гуфт, толибон лухтакҳои покистонӣ ҳастанд ва ҷуръат намекунанд алайҳи артиши Покистон иқдом кунанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Муовини аввали раисҷумҳури фирории пешини Афғонистон хабари даргириҳои марзиро тақаллуб хонд ва афзуд, ки толибон барои эҷоди як ҳувияти мустақил ва муаррифии симои мусбӣ иқдомоте меандешанд.
Имрон Хон аз мақоми нахуствазири Покистон барканор шуд
Оқои Солеҳ бар он аст, ки толибон мехоҳанд танҳо нишон диҳанд, ки бо Покистон вобастагӣ надоранд.
Амруллоҳ Солеҳ даргириҳо дар марзи Покистонро ҷанги миёни муборизони озодии Балуҷ ва сарбозони покистонӣ номид, на ҷанги толибон бо покистониҳо.
Ӯ дар як паём дар саҳифаи "Фейсбук"-и худ навишт: “Гоҳу ногоҳ озодихоҳони балуҷ фаъолият доранд, на толибон. Сохтор ва зербинои толибон чунон аст, ки имкони гуфтани ҳарфи дурушт дар муқобили Покистонро надоранд, чӣ расад ба даргирӣ”.