Сокини Ваҳдат бо ваъдаи озодии ҳамшаҳраш аз ҷавобгарии ҷиноӣ худ ба даст афтод

Сокини шаҳри Ваҳдат бо баҳонаи озодсозии нафаре аз ҷавобгарии ҷиноӣ пул гирифту худ ба даст афтод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 апр– Sputnik. Як сокини шаҳри Ваҳдат аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд, хабар медиҳад маркази матбуотии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, гумонбаршуда моҳи марти соли ҷорӣ аз як сокини 39-солаи маҳаллӣ бо ваъдаи озод кардани бародараш аз ҷавобгарии ҷиноӣ 55,4 ҳазор сомонӣ гирифта, аммо ба “қавл”-аш вафо накардааст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки нисбати гумонбаршуда бо моддаи 247 (Қаллобӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Як хонаро ба 2 кас фурӯхт: Муттаҳам боздошт шуд
Маврид ба зикр аст, ки ин нахустин боздоштҳо бо чунин иттиҳомот набуда, қаблан низ мақомот аз чунин ҷиноятҳо парда бардошта буданд.