ДУШАНБЕ, 9 апр – Sputnik. Дар Конференсияи XXVII ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки дар толори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор шуд, рӯзи интихоботи миёнадаврӣ муайян гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуотии шаҳрдории Хуҷанд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин ҷаласа пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии вилояти Суғд “Бобоҷон Ғафуров” №3 ба ҷойи вакили хориҷшуда ва пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии вилояти Суғд, “Камоли Хуҷандӣ”, №4 ба ҷойи вакили хориҷшуда баррасӣ шуд.
Гуфта мешавад, ки тибқи қавонин, вакилони конфронс имкон доштанд, ки номзадҳои худро ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаҳои интихоботии зикршуда пешбарӣ намоянд.
Ҳамин тавр номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Бобоҷон Ғафуров”, №3 номзадии Абдураҳмон Қосимов, директори генералии ҶДММ “САХО-и К”-и шаҳри Гулистон, узви ҲХДТ, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд пешниҳод карда шуд ва вакилон онро дастгирӣ карданд.
Ҳамзамон ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Камоли Хуҷандӣ”, №4 номзадии Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд пешниҳод ва аз ҷониби иштирокдорони конфронс пазируфта шуд.
Таъкид шудааст, ки номзадон пешбарӣ ва вакилон ба тарафдории онҳо якдилона райъ доданд.
Инчунин якчанд нафар аз вакилон андешаҳои худро дар бораи номзадони пешниҳодшуда ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилоят иброз доштанд.
Бо ҳамин кори конференсияи 27-уми ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд анҷом ёфт ва қарор карда шуд, ки интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят бар ивази вакилони хориҷшуда санаи 15-уми майи соли ҷорӣ сурат гирад.