ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Сафири Русия дар ИМА Анатолий Антонов гуфт, амалиёти вижаи Федератсияи Русия дар Украина натиҷаи худдории режими Киев аз қатъи наслкушӣ тавассути иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ аст.
"Амалиёти вижа дар Украина натиҷаи адами хоҳиши режими Киев дар боздоштани наслкушии русҳо бо иҷрои уҳдадориҳои худ тибқи тавофуқоти байналмилалӣ аст", — навиштааст нашрияи "Newsweek".
Маврид ба зикр аст, ки рӯзи 24 феврал Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол таҳти таҳқиру наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд.
Пас аз оғози амалиёти вижа Русия ва Украина 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайнӣ тамос гирифтанд.
Дар пайи ин гуфтугӯҳо ба тарафҳо муяссар гардид, ки аз рӯи баъзе масъалаҳо ба созиш бирасанд. Дар ояндаи наздик раванди музокироти Маскаву Киев идома хоҳад ёфт.