Тоҷикистон мухолифи қатъи узвияти Русия дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ шуд

Федератсияи Русия курсии худро дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ нигоҳ медорад, аммо аз ҳуқуқи овоздиҳӣ ва имкони суханронӣ маҳрум мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Тоҷикистон аз қатъномаи Маҷмаи умумии СММ дар бораи мутаваққиф шудани узвияти Русия дар Шӯрои ҳуқуқи башар ҳимоят накард, хабар медиҳад РИА "Новости".
23 давлати дигар, аз ҷумла Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Эрон, Сурия, Ветнам ва як қатор давлатҳои дигар низ ба чунин иқдом мухолифат карданд.
93 кишвар барои қатъи узвияти Русия дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ овоз додаанд. Сербия ва Исроил аз ҷумлаи онҳо мебошанд. 58 давлат, аз ҷумла Миср, Ҳиндустон, Покистон, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ аз мавзеъгирӣ дар ин хусус худдорӣ карданд.
Тарҳи қатъномаро кишварҳои ғарбӣ бо ширкати Иёлоти Муттаҳида, Украина ва Латвия таҳия кардаанд.
Тибқи матни он, Маҷмаи умумӣ ба далели "амалҳо дар Украина" узвияти Русияро дар Шӯрои ҳуқуқи башар мутаваққиф мекунад. Аммо агар зарур бошад, қарор метавонад аз нав дида баромада шавад.
Коршинос: Чаро Русия аз Шӯрои Аврупо хориҷ шуд ва ин барои ИА чӣ маъно дорад
Пас аз қабули ин санад Федератсияи Русия курсии худро дар ШҲБ нигоҳ медорад, аммо ҳуқуқи овоздиҳӣ ва имкони сухан гуфтанро аз даст медиҳад, шарҳ дод Абдулло Шаҳид, раҳбари дафтари намояндагии асосии созмон дар суҳбат бо РИА "Новости".
Дар ҳамин ҳол Геннадий Кузмин, муовини намояндаи доимии Русия дар СММ аз хуруҷи ҳарчи зудтари ин кишвар аз Шӯрои ҳуқуқи башар аз 7 апрел хабар дод. Вай таъкид кард, ки ин тасмим ба маънии "буридан аз уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи башар нест".
Ба гуфтаи Кузмин, Маскав ин қатъномаро "иқдоми ғайриқонунӣ ва дорои ангезаҳои сиёсӣ" медонад ва худи шӯро "аз ҷониби як гурӯҳи кишварҳо инҳисор шудааст, ки аз он барои ҳадафҳои худ истифода менамоянд".
Дар навбати худ Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл гуфт, раъйи як қатор кишварҳои дӯст ба Федератсияи Русия барои хориҷ кардани он аз узвияти Созмони Милали Муттаҳид натиҷаи фишори русбадбинон аст.
Вай афзуд, ин созмон аз хориҷ шудани Русия зиён мебинад.