ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Тибқи дурнамои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ба ҷумҳурӣ дар соли 2022 ҳудуди 435 ҳазор тонна гази моеъ ворид хоҳад шуд, иттилоъ додааст хабаргузории “Авесто”.
“Ҳаҷми воридоти гази моеъ 183,6 миллион доллар пешбинӣ шудааст”, - менависад манбаъ.
Далер Ҷумъа, вазири энержӣ ва манобеи оби Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки кишвар ният дорад, феҳристи воридкунандагони гази моеъро густариш диҳад.
Дар ҳамин ҳол таъминкунандагони аслии маводи сӯхт барои Тоҷикистон Русия ва Қазоқистон мебошанд.
Вазир ҳамчунин хабар дод, ҷумҳурӣ ният дорад, воридоти гази моеъро аз Туркманистон афзоиш диҳад.
Ҳар ду кишвар созишномаеро ба имзо расониданд, ки тибқи он, дастрасии Тоҷикистон ба ин навъи сӯзишвориро маҳдуд намекунад.
Хамин тавр соли гузашта Тоҷикистон аллакай 5 ҳазор тонна гази моеъ аз Туркманистон харидорӣ намудааст.
Дар маҷмуъ дар соли 2021 ба ҷумҳурӣ 410 ҳазор тонна ин навъи сӯзишворӣ ворид шудааст.
Бояд гуфт, 360 ҳазор тоннаи ин навъи сӯзишворӣ аз Қазоқистон харидорӣ шуда, бақияи он аз Русия ворид шудааст.
Тибқи омор, дар соли 2021 нархи гази моеъ 1,7 боло боло рафт. Арзиши як литр гази моеъ ба ҳисоби миёна ҳудуди 7,40-7,80 сомонӣ буд.
Ёдовар мешавем, ки гази моеъ аз маъмултарин навъи сӯзишвории ронандагон дар Тоҷикистон буда, тақрибан 50-60 дарсади мошинҳои маҳаллӣ аз ин навъи сӯзишворӣ истифода мекунанд.