ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Дар Мариупол, дар паҳлуи баталонҳои низомии Украина зархаридони аврупоӣ низ меҷанганд, гуфт намояндаи расмии Вазорати дифои Русия, генерал-майор Игор Конашенков.
"Раҳгирҳои радио нишон доданд, ки дар навоҳии ишғолшудаи шаҳр ғайр аз фашистони баталони "Азов"* ва қувваҳои мусаллаҳи Украина шумораи зиёди зархаридони хориҷӣ низ мавҷуданд. Алоқаи радио, ба ғайр аз забонҳои украиниву русӣ, ба шаш забони хориҷии Аврупо низ сурат мегирад", - гуфт генерал.
Конашенков гуфт, дар Мариупол зархаридони хориҷӣ иҳота шуданд, ки аз куштани славянҳо ба ивази доллар худдорӣ накарда, аз шаҳрвандони осоишта ҳамчун “сипари инсонӣ” истифода мекарданд.
"Аён аст, ки ҳоло дар ин шаҳр на ҳомиёни ба истилоҳ "арзишҳои аврупоӣ", балки зархаридони хориҷӣ банд шудаанд. Онҳо барои куштани славянҳо ба ивази доллари амрикоӣ омада, дар паси "сипари инсонӣ"-и ғайринизомиён пинҳон шудаанд", - гуфт ӯ.
Конашенков таъкид кард, ки Киев аз баровардани ҷангҷӯён аз Мариупол худдорӣ кард, бо назардошти ин шаҳр аз ҷониби нерӯҳои Ҷумҳурии Мардумии Донетск ва воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Русия бидуни қайду шарт озод карда мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан намояндагони ҶМД ва мақомоти Русия гуфта буданд, дар сурати дастгир шудани зархаридони хориҷӣ ба онҳо чун асири ҷангӣ муносибат нахоҳад шуд.
"Бо онҳо чун асирони ҷангӣ муомила карда намешавад. Онҳо боздошт ва ба додгоҳ кашида мешаванд",- гуфт намояндаи милитсияи мардумии ҶМД Эдуард Басурин.
Маскав низ гуфта буд, ки Русия ба ҳифзи ҳаёти зархаридони хориҷӣ дар Укаина масъул нест.
Ҳамзамон Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишотии Русия ба муфаттишони дастгоҳи марказии ин ниҳоди қудратӣ дастур дода буд, зархаридони хориҷиеро, ки вориди Украина мешаванд, шиносоӣ кунанд.
* Баталони миллии "Азов", ки ба ҳайати нерӯҳои мусаллаҳи Украина ворид аст, дар Русия ифротӣ эътироф ва мамнуъ эълон шуда, алайҳи ҷангиёни он дар Федератсияи Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.