Раҳмону Путин аз 30 соли ҳамкории судманд миёни Тоҷикистону Русия ёд карданд

Мақомоти олии Тоҷикистону Русия ҳамкориҳо дар бахши тиҷорату иқтисод, илму техника ва башариро, ки дар ҳоли рушд қарор дорад, самаранок арзёбӣ намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Миёни Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Владимир Путин, роҳбари Русия ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ сурат гирифт.
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар барқияи табрики худ қайд кардааст, ки тӯли ин се даҳсолаи сипаришуда Маскаву Душанбе дар роҳи рушду таҳкими муносибатҳои дӯстии наздик ва ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд дар чорчӯби шарикии стратегӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд.
“Сатҳи кунунии робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русияро, ки Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кумаки байниҳамдигарӣ ва Аҳднома дар бораи ҳамкории иттифоқии ба асри XXI нигаронидашуда заминаи пойдори онҳо мебошанд, баланд арзёбӣ менамоям”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамзамон кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки Русия шарики асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон буда, ҳар ду кишвар дар арсаи мубориза бо терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дар соҳаҳои ҳарбӣ ва низомӣ-техникӣ ба таври самарабахш ҳамкорӣ доранд.
Қаноатмандии вазир аз ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон дар соҳаи маориф
Инчунин роҳбари Тоҷикистон дар ин барқияи худ аз густариши қобили таваҷҷуҳи робитаҳои фарҳангӣ, гуманитарӣ ва байниминтақавӣ ба таври махсус ёдовар шуд.
“Ҳамкориҳои байнипарлумонӣ тақвият меёбанд. Кишварҳои мо дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ дар робита ба мавқеъҳояшон ҳамоҳангии зич анҷом медиҳанд”, - гуфт Раҳмон.
Инчунин роҳбари Тоҷикистон изҳори бовар кардааст, ки рушди минбаъдаи ҳамаҷонибаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия ҷавобгӯи манфиатҳои аслии шаҳрвандони кишварҳои мо буда, ба нигоҳ доштани сулҳу амонӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.
“Мо пайваста ба пешбурди минбаъдаи босамари тамоми ҷанбаҳои муносибатҳои байнидавлатиамон, ки дар оянда низ дар авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми хос хоҳанд дошт, манфиатдорем. Умед дорам, ки мо аз ин пас ҳам ҷиҳати таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Русия ба манфиати мардумонамон талошҳои муштараки ҳамаҷониба анҷом хоҳем дод”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон кишвардори Тоҷикистон.
Ҳамкориҳои фарҳангии Русия ва Тоҷикистон густариш меёбанд
Дар ҳамин ҳол Владимир Путин, роҳбари Русия дар барқияи табрики худ унвонии раисҷумҳури Тоҷикистон аз нақши шарикии стратегии ду кишвар ёдрас шуд.

“Тӯли даҳсолаҳои сипаришуда ба мо муяссар шуд, ки робитаҳои байни Русия ва Тоҷикистонро ба сатҳи шарикии стратегӣ ва иттифоқчигӣ барорем. Муколамаи пурмазмуни сиёсӣ, ҳамкориҳои босамар дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва гуманитарӣ дар ҳоли рушд қарор доранд”, - гуфт Путин.

Вай ҳамчунин илова кардааст, ки Маскав ва Душанбе дар самти муқовимат ба терроризм ва таҳдидҳои амнияти минтақавӣ ҳамкориҳои созанда ба роҳ монда, талошҳои худро дар доираи СААД, ИДМ, СҲШ, СММ ва дигар ниҳодҳои бисёрҷониба ҳамоҳанг менамоянд.
Роҳбари Русия ҳамчунин изҳори бовар кардааст, ки тавсеаи минбаъдаи тамоми маҷмуи муносибатҳо байни Русия ва Тоҷикистон ҷавобгӯи манфиатҳои аслии мардумони бо ҳам дӯсти ду кишвар буда, дар маҷрои таҳкими сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ қарор дорад.