ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин раисҷумҳури нави Туркманистон Сардор Бердимуҳамедовро барои сафари расмӣ ба Русия даъват кард. Дар ин бора дафтари матбуотии Кремл хабар додааст.
Бердимуҳаммадов зимни як суҳбати телефонӣ бо раҳбари Русия даъватномаи боздид аз Маскавро дарёфт кард.
Зимни суҳбат сарони давлатҳо ба муносибати 30-юмин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар табодули назари гарму самимӣ карданд.
"Владимир Путин Сардор Бердимуҳаммадовро барои боздид аз Русия даъват кард. Даъват пазируфта шуд", - таъкид кардааст Кремл.
Санаи дақиқи сафари раисҷумҳури Туркманистон ба Русия ва ҷузъиёти дигар ҳанӯз маълум нест. Ин нахустин сафари расмии президенти нави ин ҷумҳурӣ ба Федератсияи Русия хоҳад буд.
Илова бар ин сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами рӯзнома ва дурнамои ҳамкорӣ дар форматҳои минтақаӣ, аз ҷумла дар чаҳорчӯби Панҷгонаи Хазарро баррасӣ карданд.
Путин ва Бердимуҳаммадов ҳамчунин ба таҳкими шарикии ду кишвар таъкид кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки интихоботи пеш аз муҳлати раисҷумҳури Туркманистон 12 марти соли 2022 бо ширкати 9 номзад баргузор шуд. Президент ба муддати ҳафт сол интихоб мешавад ва аз лаҳзаи савгандёдкунӣ ба кор шуруъ мекунад.
Пирӯзиро муовини нахуствазир Сардор Бердимуҳаммадови 40-сола бо дарёфти 72,97% овозҳо ба даст овардааст. Ҳамин тариқ ӯ дар ин мақом падараш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро иваз кард.
Дар мавриди дигар ширкаткунандагони сабқати президентӣ бошад, онҳо дар маҷмуъ 27,03% овоз гирифтанд.
Вазорати хориҷаи Русия аз "интихоби мардуми дӯсти туркман" истиқбол кард. Ин ниҳод қайд кард, ки Маскав ғолиби интихоботро хуб медонад ва "таваҷҷуҳи афзалиятноки ӯро ба таҳкими шарикии стратегӣ" байни кишварҳо қадр мекунад.