Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Кремл замони анҷоми амалиёти вижаи Русия дар Украинаро гуфт

Намояндаи Кремл маълумот дар бораи корҳо дар умури низомӣ, ҳамчунин раванди музокиротро расонаӣ кард ва дар бораи замони анҷоми амалиёти вижаи Русия дар Украина сухан гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Дмитрий Песков, котиби матбуотии президенти Русия гуфт, ҳадафҳои амалиёти махсуси низомии Русия дар Украина дар ояндаи наздик амалӣ хоҳанд шуд.
Дар посух ба суоле дар бораи амалиёти вижа вай тавзеҳ дод, ки дар мавзуи силоҳ ва музокирот кори ҷиддие идома дорад.
Рӯзи ҳафтуми апрел низ Песков дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии бритониёии "Sky News" ӯ гуфт, Русия умедвор аст, ки амалиёти вижа дар Украинаро ба зудӣ, дар пайи расидан ба аҳдоф анҷом шавад.
Лукашенко: Музокирот дар бораи қазияи Украина бидуни Беларус ғайриимкон аст – видео
"Мо дар бораи ояндаи қобили пешбинӣ сухан меронем... Амалиёти мазкур идома дорад, ҳадафҳо амалӣ мешаванд, ҳам дар хатти артиш дар самти пешбурди амалиёт ва ҳам аз ҷониби музокиракунандагоне, ки дар гуфтушунид ҳастанд, корҳои назаррас анҷом дода мешаванд", - гуфт Песков ба хабарнигорон.
Қаблан вай таъкид карда буд, ки амалиёти вижаи Русия дар Украина вобаста ба мавқеи Киев дар масоили калидии Маскав метавонад бо роҳи дипломатӣ хотима ёбад.
Рӯзи 24 феврал Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол таҳти таҳқиру наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Наришкин: НАТО мехоҳад Украинаро барои Русия мисли Афғонистон кунад
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зербиноҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд.
Пас аз оғози амалиёти вижа Русия ва Украина 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайнӣ тамос гирифтанд.
Дар пайи ин гуфтугӯҳо ба тарафҳо муяссар гардид, ки аз рӯи баъзе масъалаҳо ба созиш бирасанд. Дар ояндаи наздик раванди музокироти Маскаву Киев идома хоҳад ёфт.