ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Генерали эронӣ Яҳё Раҳимии Сафавӣ, мушовири олии фармондеҳи кулли артиши Эрон гуфтааст, агар Амрико ва НАТО муваффақ ба пазируфтани Украина ба ин созмон мешуданд, Маскав ба таҳдидҳои ҷиддие рӯ ба рӯ мешуд, иттилоъ додааст хабаргузории "Форс".
“Ин ҷанг сабаби коҳиши қудрати Амрико, НАТО ва Авурпо шудааст”, - қайд кард, генерал Раҳимӣ.
Мушовири олии фармондеҳии кулли артиши Эрон ҳамчунин афзуд, ки ин ҷанг барои Русия, Амрико ва Аврупо ҳазинаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар пай доштааст.
Ёдрас менамоем, ки рӯзи 24 феврал Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонӣ ва нозизудоии Украина" анҷом шуда, масъулони "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд.