Ҷаҳиши бесобиқаи рубл дар Тоҷикистон: бо доллару евро чӣ шуд?

Қурби пули русӣ давоми як шабонарӯз дар Тоҷикистон ба таври бесобиқа боло рафт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, ҳоло арзиши 1000 рубли русӣ дар бозори арзи кишвар 163,4 сомонӣ аст.
Ин нишондиҳанда нисбат ба як рӯз қабл 13 сомонӣ (150,5) зиёд аст, ки аз ҷаҳиши якбораи ин асъор шаҳодат медиҳад.
Бояд гуфт, пули русӣ давоми моҳи март мавқеи худро аз даст дода ва то 50 сомонӣ поён рафта буд. Вале бо оғози моҳи апрел ботадриҷ ба мавқеи пештараи худ бозгашт ва инак, ба таври бесобиқа боло рафт.
Барои муқоиса:
1 моҳ пеш - 91 сомонӣ;
расо як сол пеш - 146 сомонӣ;
моҳи ноябри соли гузашта бо афзоиши ҳадди аксар - 161 сомонӣ.
Уфти якбораи қурби доллар дар биржаи Маскав: аз 75 рубл поин рафт
Қурби евро бошад, дар баробари пули миллӣ боз коҳиш ёфтааст.
Тибқи нишондоди БМТ, қурби як евро 13.6438 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл бар ивази як евро дар кишвар 13.6575 сомонӣ медоданд.
Пули амрикоӣ бошад, бетағйир монда, ҳар як доллар 12.5000 сомонӣ арзиш дорад.
Иқтисоддон нуқтаи бебозгашти долларро гуфт
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд.
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 12.4000 то 12.5000 сомонӣ;
1 евро аз 13.6438 то 13.8500 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1634 то 0.1610 сомонӣ.
Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.