Мурашко: Жириновскийро наҷот додан ғайриимкон буд

Вазири беҳдошти Русия сабабҳои нокомии мутахассисонро дар наҷоти ҷони сиёсатмадори маъруфи Русия гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 апрель — Sputnik. Шиддати беморӣ ва мушкилиҳои дар пайи он ба вуҷудомада, ба табибон имкон надод, ки ҷони раиси ҲЛДР Владимир Жириновскийро наҷот диҳанд.
Дар ин бора вазири тандурустии Русия Михаил Мурашко изҳори назар кард.

"Ду моҳ мо барои ҷони ӯ мубориза бурдем. Шиддати беморӣ, ҷараёни беморӣ, мутаассифона, имкон надод, ки ба муваффақият ноил шавем", - гуфт ӯ ба расонаҳо.

Мурашко афзуд, вазъи бади сиҳҳати ин сиёсатмадор бар асари беморӣ ва маризии ҷиддии шушҳои ӯ имкон надод, ки мутахассисон вайро аз ҳолати вазнин берун оранд.
Ёдовар мешавем, раҳбари Ҳизби либерал-демократӣ Владимир Жириновский 6 апрел дар Маскав дар синни 76-солагӣ даргузашт.
Раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин аз марги ӯ хабар дод.
Тарҷумаи ҳоли Владимир Жириновский: раҳбари ҲЛДР чӣ гуна буд
Тӯли чанд моҳ раҳбари ҲЛДР дар Бемористони марказии клиникӣ буд, ки дар он ҷо аз коронавирус табобат мегирифт.
Вазорати тандурустӣ таъкид кардааст, ки пизишкон барои наҷоти Жириновский тамоми кӯшишро ба харҷ додаанд.
Бо вуҷуди ин сиёсатмадор рӯзи охиринро дар ҳолати кома гузаронд. Маълумот дар бораи бистарӣ шудани раҳбари Ҳизби либерал-демократӣ, ки мубталои коронавирус буд, рӯзи 2 феврал пайдо шуд.
Сиёсатмадор, пешво ва суханвар: фаъолияти Жириновский дар тасовир
Ҳатто он вақт расонаҳо хабар дода буданд, ки Жириновский дар ҳолати вазнин қарор дошта, илтиҳоби шуши дутарафа дорад.
РИА "Новости" бо такя ба як манбаъ хабар медиҳад, ки маросими видоъ бо раҳбари Ҳизби либерал-демократӣ дар толори Хонаи иттифоқҳо ва маросими дафн дар қабристони Троекуровский баргузор мешавад.