ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Ҳайати толибон қасд дорад, ба Русия биравад. Дар ин бора Sputnik Афғонистон бо такя ба дафтари матбуотии комиссияи иқтисодии толибон менависад.
Ҳадафи онҳо назорат кардани нархи ғизо хоҳад буд. Ба ин тартиб як ҳайат бо раҳбарии намояндагони Вазорати тиҷорат, қимати гандум ва орд ба далели камбуди он дар Афғонистонро меомӯзад. Сабаби чунин иқдомот тарси толибон аз болоравии қимати ғалла бар асари таҳримҳо алайҳи Русия ва амалиёти вижаи Маскав дар Украина будааст.
Рӯзи дақиқи сафари толибон ба Русия, изҳороти мақомоти Русия ва ҷузъиёти дигар ҳанӯз маълум нест.
Қаблан дабири кулли СММ Антониу Гутерриш гуфта буд, ки иқтисоди Афғонистон воқеан таназзул кардааст. Тақрибан 10 миллион нафар дар хатари гуруснагӣ қарор доранд. Гутерриш аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки барои кӯмак ба ин кишвар чораҳои фаврӣ андешанд.
Дабири кулли СММ қайд кард, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ пули нақд кам аст ва аҳолӣ барои таъмини оилаҳои худ ба фурӯши кӯдакон ва қисмҳои бадани худ шуруъ мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, ба далели авзоъ дар Украина қимати маводи ғизоӣ боло рафтааст.
"Зиёда аз 80% аҳолӣ қарздор ҳастанд, кормандони калидии муассисаҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла беморхонаҳо ва мактабҳо чанд моҳ боз маоши худро нагирифтаанд", -гуфт Гутерриш.
Вай афзуд, агар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Афғонистон кумак накунад, як миллион кӯдак дар ин кишвар ба марг рӯ ба рӯ мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки бо ба сари қудрат омадани толибон Афғонистонро буҳрони ҷиддии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ фаро гирифт.