Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Ба Тоҷикистон боз ваксина оварданд

Вазорати тандурустӣ аз қабул кардани беш аз 500 ҳазор воя ваксинаи "AstraZeneca" хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Шаби 6 ба 7 апрели соли ҷорӣ ба Тоҷикистон боз бастаи дигари ваксина алайҳи бемории коронавирус ворид гардид.
Бинобор иттилои дафтари матбуотии Вазорати тандурустии Тоҷикистон, 501 600 воя ваксинаи "AstraZeneca" тоза вориди кишвар шуд.
Манбаъ меафзояд, ин миқдор ваксина низ дар доираи механизми байналмиллалии тақсимоти одилонаи ваксинаҳо - COVAX ба Тоҷикистон интиқол ёфт.
Ин дар ҳолест, ки шаби 3 ба 4 апрел намояндагони Вазорати тандурустӣ 200 ҳазор воя ваксинаи "Pfizer-BioNTech" қабул намуданд.
Тоҷикистон алайҳи се вирус ваксина дарёфт кард
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, то охири моҳи март 5 миллиону 162 ҳазору 424 нафар ё 92,2% аҳолии калонсоли кишвар зидди коронавирус моякӯбӣ шудаанд.
Вояи дуюми ваксинаро 4 миллиону 900 ҳазору 199 нафар гирифтаанд, ки 87,5%-и аҳолии калонсоли кишварро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол вояи такрорӣ ва ё реваксинатсияро то 27 март 1 миллиону 922 (19,5%) нафар гирифтаанд.
Ёдовар мешавем, тибқи фармони Cитоди ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19, моякӯбӣ барои шахсони аз 18-сола боло расман ҳатмӣ мебошад.