Тими "Истиқлол" дар Риёз ба тамрин шуруъ кард

Ба ҳайати даста 20 футболбоз ҷалб гардидаанд ва аксарияти онҳо футболбозони ҷадиди ин бошгоҳ мебошанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Тими "Истиқлол" -и Душанбе, ки феълан дар шаҳри Риёз қарор дорад, ба тамринҳо оғоз намуд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дастаи "Истиқлол" ба бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё омодагӣ мебинад. Ба ҳайати даста 20 футболбоз ҷалб гардидаанд, ки аксарашон бозингарони нав мебошанд.
“Истиқлол” барои сабқат бо қаҳрамонҳо боз ба Саудӣ меравад
Манбаъ меафзояд, дастаи футболи "Истиқлол" дар гурӯҳи "А" буда, дар он ҷо бо дастаҳои футболи "Аш-шарҷа", "Ал-ҳилол" ва "Ар-раён" рақобат мекунад. Ҳамаи бозиҳо дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд.
Ҳамин тариқ рӯзи 8 апрел, соати 22:15 ба вақти Душанбе тими "Истиқлол" бо дастаи "Ар- раён"-и Қатар бозӣ мекунад.
Ин аввалин бозии тими Тоҷикистон дар гурӯҳи "А" мебошад. Бозӣ дар Арабистони Саудӣ барпо мегардад.