Поставнин: Оё русҳо шуғли муҳоҷирони тоҷикро хоҳанд гирифт?

Ба далели хуруҷи бисёре аз ширкатҳои хориҷӣ ҳазорон нафар аз русҳо вориди бозори кор шудаанд. Оё ин маънои онро дорад, ки муҳоҷирони корӣ бояд барои кор бо шаҳрвандони Русия рақобат кунанд?
Sputnik
Вячеслав Поставнин, роҳбари Маркази тадқиқоти таҳлилӣ ва амалии равандҳои муҳоҷират дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳукумат чӣ чораҳоро меандешад ва барои чӣ омода шудан лозим аст.
"Вазъияте, ки бисёре аз ширкатҳои хориҷӣ Русияро тарк карданд, набояд ба ҷараёни муҳоҷирон аз хориҷ таъсир расонад”, - мегӯяд коршинос.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло нархи чипта миёни Федератсияи Русия ва Тоҷикистон поин рафтааст, ки вуруди муҳоҷирон ба ҳеҷ ваҷҳ тағйир нахоҳад ёфт.
Маълум шуд, ки муҳоҷирон ба Тоҷикистон чанд қадар пул интиқол доданд
Ӯ дар посух ба суоли ин ки бо рафтани ширкатҳои зиёди хориҷӣ дар Руси сафири бекорон низ зиёд шуд ва русҳо метавонанд ҷойи муҳиронро гиранд, гуфт, чунин кор нахоҳад шуд, зеро аксари хориҷиёни барои коромада корҳоеро мекунанд, ки сахту сангин ва нерӯталабанд.
Вячеслав Поставнин дар идома гуфт, Русия ҳамчунон барои шуғли муҳоҷирон ҷолиб боқӣ мемонад.