Нигаронии Саидзода аз дастгирӣ нашудани омӯзгорон аз сӯйи роҳбарият дар навоҳӣ

Вазири маорифро ҳамчунин ширкати нокифояи толибилмон дар олимпиадаҳои фаннӣ ва байналмилалӣ нигарон кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Вазири маорифи Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо кори мактаби президентӣ дар ноҳияи Кӯшониён ошно шуда, аз фаъолияти раҳбарияти ин муассиса изҳори норозигӣ кард.
Саидзода дар ин сафар бо вазъи таълиму тарбия, таъминот бо маводи хониш, муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои фаннӣ ва таъминоти кадрӣ дар мактаби президентӣ дар ноҳияи Кӯшониён ошно шудааст.
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии Вазорати маориф, дар ҷараёни боздид вазир ҳамчунин аз рафти тадрис, шароити таҳсил, таъмини ғизо, вазъи беҳдошти ошхонаи мактабӣ, хобгоҳ ва таъминоти кадрӣ бохабар шудааст.

Ӯ ҳамчунин аз ҳолати омодасозии шогирдон ва иштироки нокифояи онҳо дар олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, дастгирии омӯзгорон аз сӯйи роҳбарият изҳори нигаронӣ кард.

Дар баробари ин Саидзода ба ҳайати омӯзгорони мактаби мазкур вохӯрда, онҳоро ба хештандорӣ, кӯшишу ҷадал дар роҳи омода намудани шогирдони босаводи сатҳи байналмилалӣ дастур додааст.
Супориши Саидзода барои вазифадиҳӣ ба унвондорон ва тағйири шакли имтиҳонсупорӣ
Ҳамчунин масоили ба роҳ мондани таълим ба забонҳои русӣ ва англисӣ, ширкат дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ, ҷалби омӯзгорони варзида ба мактаби президентӣ низ аз мавзуъҳои матраҳшуда будаанд.
Манбаъ афзуда, ки ба роҳбарияти муассиса дар самти беҳтар намудани шароити таҳсил, таъмин бо китобҳои дарсиву бадеӣ, фароҳам овардани шароити хуб дар хобгоҳ ва ошхона, ҳавасмандгардонии омӯзгорону шогирдони варзида дастурҳои мушаххас додааст.