ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. НАТО, тавре “стратег”-и Амрико таъкид мекунад, бояд кӯшиш кунад, ки Украинаро барои Русия ба мисли Афғонистон барои Иттиҳоди Шӯравӣ табдил кунад, мегӯяд Сергей Наришкин, раҳбари Хадамоти иктишофии хориҷии Русия.
Ба гуфтаи вай, барои онҳое, ки ҳадди ақал каме ба таъриху ҷуғрофиё ошноянд, номуносибу нокомии стратегии чунин қиёс маълум аст.
"Оё аз раҳбароне, ки Мариуполро бо метрополия омехта мекунанд ва Воронежу Ростовро шаҳрҳои Украина медонанд, интизории бештаре метавон дошт?", - таъкид кардааст ӯ дар мақолааш дар маҷаллаи "Национальная оборона".
Номбурда гуфт, барои ин зишттарин усул, фиристодани ҷангҷӯёни мусаллаҳ ба қаламрави Украина истифода мешавад, ки ҷангҳои чиррикӣ бикунанд, вале дар асл онҳо террористони пинҳониянд.
Ба таъкиди ӯ, Иёлоти Муттаҳида ва аксарияти кишварҳои НАТО омода нестанд, ки ба муқовимати мустақими мусаллаҳона бо Русия ворид шаванд ва танҳо бо кумаки маънавию моддӣ ба Киев бартарӣ додаанд. Дар ҳамин ҳол талхии низоъ дар Украина аз он шаҳодат медиҳад, ки на танҳо сарнавишти режими Киев, балки сохтори сиёсии тамоми ҷаҳон дар хатар аст.
"Дар воқеъ, меъмории тамоми тартиботи ҷаҳонӣ зери хатар аст. Аз рӯи вазъи кунунӣ тарҳҳои мушаххаси онро пешгӯӣ кардан хеле душвор аст, аммо бо итминон метавон гуфт, ки шароити бозгашт ба замони куҳна фароҳам нахоҳад шуд", - гуфт Наришкин.
Ӯ гуфт, ҳоло Русия ҷаҳони чандқутбӣ эҷод мекунад, ки қаблан вуҷуд надошт ва ҳама, ҳатто рақибони имрӯзи мо низ аз он баҳра хоҳанд бурд.
“Дар таърихи Аврупо ва ҷаҳон марҳалаи куллан нав дар пеш аст. Моҳияти он дар пошхӯрии дунёи якқутбист", - гуфт Наришкин
Ба гуфтаи вай, Вашингтон кӯшиш мекард, ки гегемонияи худро дар Югославия, Афғонистон, Ироқ, Либия, Сурия нишон диҳад ва Украинаро ба доираи нуфузи худ ворид кунад.
"Русия имрӯз ошкоро ба ин низом муқовимат мекунад. Он ҷаҳони воқеан чандқутбӣ эҷод мекунад, ки қаблан вуҷуд надошт ва аз он ҳама, ҳатто душманони кунунии мо дар оянда баҳра хоҳанд бурд", - гуфт ӯ.