ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон муодили 90%-и касри савдои хориҷии кишвар маблағ интиқол додаанд. Интиқоли пул аз рӯи маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ дар соли 2021 сурат гирифтааст.
Қобили зикр аст, ки тавозуни манфии гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар тамоми соли 2021 ҳудуди 2,6 миллиард долларро ташкил дод. Дар ҳоле ки ҳаҷми интиқоли пули афроди воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон тавассути низоми пардохт дар се семоҳаи соли гузашта ҳудуди 1,8 миллиард долларро ташкил додааст.
Қаблан коршиносони Бонки миллӣ таъкид карда буданд, ки камбуди пули Амрико дар бозори кишвар, аз ҷумла ба тавозуни манфии гардиши тиҷорати хориҷии ҷумҳурӣ рабт дорад.
Иқтисоддонҳо бар ин назаранд, ки Тоҷикистон касри бузурги тиҷоратӣ дорад, зеро воридоти коло нисбат ба содирот ду баробар бештар аст.
"Ин каср тақрибан пурра аз ҳисоби маблағҳои интиқолии муҳоҷирон пӯшонида мешавад", - қайд мекунанд онҳо.
Илова мекунем, ки соли гузашта ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷии кишвар 6 миллиарду 360 миллион долларро ташкил дод. Тавозуни савдо манфӣ буда, ба 2,6 миллиард доллар баробар буд.
Ҳамзамон аз Тоҷикистон ба маблағи беш аз 2,1 миллиард доллар маҳсулот содирот шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-декабри соли 2020 52,8 фоиз зиёд мебошад. Ба ҷумҳурӣ ба маблағи 4,2 миллиард доллар ё нисбат ба семоҳаи соли 2021 33,6 фоиз зиёд ворид шудааст.
Қаблан Бонки марказии Русия хабар дода буд, ки ҳаҷми интиқоли пулии афроди воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон тавассути низоми пардохт дар як соли ахир 1 миллиарду 790 миллион долларро ташкил додааст.