Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Лавров гуфт, Украина саъй дорад, музокирот бо Русияро халалдор созад

Вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, Украина талош дорад, ҷараёни музокирот бо Русияро ба таъхир андозад ва халалдор кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Киев таҳти назорати Вошингтон ва муттаҳидонаш аст, ки Украинаро ба идомаи ҷанг тела медиҳанд, гуфт Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия.
"Музокирот бори дигар ниятҳои аслии Киев, таъхир ва ҳатто халалдор кардани музокиротро тавассути дур шудан аз тафоҳумҳои ҳосилшуда собит мекунад. Режими Киев аз ҷониби Вашингтон ва муттаҳидонаш таҳти назорат аст, ки президент Зеленскийро ба идомаи ҷанг тела медиҳанд", - гуфт Лавров.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол таҳти таҳқиру наслкушии режими Киев қарор гирифтаанд".
Ҳадафи нави амалиёти вижаи Русия дар Украина ошкор шуд
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунии Украина" анҷом шуда, ҳама масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Музокироти Русия ва Украина дар пасманзари амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс рӯзи 28 феврал дар Белорус оғоз шуд.
Ҷонибҳо се вохӯрии рӯ ба рӯ баргузор намуда, баъдан мулоқотҳо ба таври онлайнӣ идома ёфтанд.
Вохӯрии охирини рӯ ба рӯи ҳайатҳо 29 март дар Истанбул баргузор шуд. То ҳол ҷонибҳо натавонистанд ба пешрафте ноил шаванд.