Доллару еврои қалбакӣ мекард: ВКД мардеро баъди хариди ҷавоҳирот боздошт кард

Мақомот як ҳолати чопи қалбакии доллару евроро дар Тоҷикистон ошкор кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мардеро бо иттиҳоми ба муомилот баровардани долларҳои қалбакӣ боздошт кардааст
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, боздоштшуда марди 33-солаи сокини пойтахт буда, дар тайёр кардан ё ба муомилот баровардани пул ё коғази гаронбаҳои қалбакӣ муттаҳам мешавад.
Гуфта мешавад, ин мард пас аз хариди ҷавоҳир бо асъори қалбакӣ аз як тилофурӯш дастгир шудааст.
Ба иттилои мақомот, боздоштшуда 4-уми феврали соли 2022 дар бозори шаҳри Бохтар аз марди 45-солаи сокини ҳамин шаҳр, ки ба хариду фурӯши ҷавоҳири тилоӣ машғул мебошад, 1 адад гарданбанд ва як дастмонаи тилоиро ба маблағи 82 ҳазору 250 сомонӣ нархгузорӣ мекунад.

Бар ивази ин ҷавоҳир 70 адад купюраи 100-доллара, ҷамъ ба маблағи 7 ҳазор доллари амрикоӣ ва 38 адад купюраи 50-евроӣ, ҷамъ ба маблағи 1 ҳазору 900 еврои қалбакӣ дода, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст", - афзуд манбаъ.

Тибқи хулосаи пешниҳоднамудаи коршиносон, купюраҳои мазкур бо тарзи дастгоҳи чопии ранга бо истифода аз техникаи компютерӣ сохта шудаанд.
ВУД мегӯяд, дар ин хусус тафтишот идома дорад.
Маврид ба зикр аст, ки ин нахустин боздошт набуда, қаблан аз ошкорсозии чунин ҳолатҳо гузориш дода буданд.